Гимназия

МАЪЛУМОТНОМА

Муассисаи таълимии хусусии гимназияи “Донишвар – 1” соли 2017 таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси Оинома ва Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017 АУ №0002388  ба роҳ мондааст.  Роҳбарият ва ҳайати омўзгорони гимназия самаранок меҳнат карда, вазифаи худро дар соли таҳсили 2017-2018 дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Оинномаи  гимназия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст.

Бинои гимназия барои 260 нафар хонанда пешбинӣ шуда,  айни замон дар гурўҳи тайёрӣ ва синфҳои 1-5  114 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки 84  нафарашон духтарон ва 34 нафарашон писарон  мебошанд. Шумораи хонандагон дар синфҳо 12- 18 нафарро ташкил медиҳад.

Дар гимназия хонандагон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим мегиранд. Барои хонандагон толори барҳаво барои баргузории чорабиниҳо, толори варзиш, майдончаи варзишӣ, ошхона ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз  фаъолият доранд.

Гимназия хонандагонро бо китобҳои дарсӣ ва ду вақт хўроки гарм 1 – ум ва 2 – юм таъмин менамояд.

Ҳамаи хонандагони гимназия ба таҳсили иловагӣ фаро гирифта шудаанд. Забони англисӣ, математика ба забони англисӣ, забони русӣ фанҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки барои омўзиши амиқи онҳо соатҳои иловагӣ ҷудо карда шудааст. Хонандагони гимназия аз фанҳои мазкур ҳар ҳафта дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии “Интолимп” фаъолона ширкат меварзанд.

Баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва ҳавасманд гардонидани хонандагон дар гимназия маҳфилҳои “Рақси мавзун” (“Ритмика”), “Гимнастикаи бадеӣ”, “Санъати тасвирӣ”, “Тэквандо”, “Нақшофарӣ” ва “Футбол”  амал мекунад.

Аз оѓози соли таҳисили 2017-2018 дар гимназия 12 нафар омўзгорони ботаҷриба кору фаъолият менамоянд. Сарбории омўзгорон 20-24 соат буда, маоши миёнаи онҳо 1800 сомониро ташкил медиҳад. Омўзгорони аз рўи натиҷаи корашон иловатан ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар ояндаи наздик ташкили “Маркази тестӣ”, “Китобхонаи электронӣ”, аз рўи лаёқат ба сатҳҳо

ҷудо кардани хонандагон, фаъолияти маҳфилҳои “Шоҳмот”, “Кишваршиносӣ”, “Роботатехника”,

мусобиқаҳои байни гимназияҳо, иштирок дар фестивал ва озмунҳои гуногуни ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҳадафҳои навбатии гимназия ба ҳисоб меравад.